•   obi-shirin@inbox.ru
  •   92-999-00-33

Дар бораи мо

Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Оби ширин» фаъолияти худро дар соҳаи истеҳсол ва фурӯши нӯшокиҳои ташнашикан ва оби тозаи ошомиданӣ амалӣ менамояд. Ширкат 11 майи соли 2011 таъсис ёфтааст. Корхона ва иқтидорҳои истеҳсолии он дар шаҳри Хуҷанд, минтақаи саноатии шимолу шарқи ҷойгир шудаанд. Имрӯзҳо корхона якчанд намудҳои нӯшокиҳоро истеҳсол мекунад: Аз он ҷумла нӯшокиҳои газдор «Лимонад», «Дюшес», «Квас», «Барбарис» ва оби тозаи ошомиданӣ: «Оби ширин», дар зарфҳои гуногун аз 0,6литр то 18,9 литра ва чойи кабуди «Ширин» бо маззаи лиму, чойи сиёҳи «Ширин» бо маззаи малина, анору шафтолу. Корхона маҳсулоти худро дар бозори вилояти Суғд ба фурӯш гузоштааст. Дар айни замон, ширкат дар бозори нӯшокиҳои ташнашикан яке аз мавқеъҳои пешқадамро ишғол мекунад. Дар соли 2019 ширкат ҷоизаи бренди солро гирифтааст. Дар ояндаи наздик ширкати «Оби ширин» тасмим гирифтааст, ки дар бозори нӯшокиҳои ташнашикан дар вилояти Суғд мавқеи худро мустаҳкам намояд. Вазифаҳои корхона ин истеҳсоли маҳсулоти хушсифат, бо роҳи ҷорӣ намудани системаҳои ҳозиразамони идоракунии сифат дар истеҳсолот буда, тамоми сол бо маҳсулоти худ таъмин намудани бозорро дар бар мегиранд, эҳё кардани обрӯи истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯроквории хушсифат ва бехатарӣ. Таъмини сифати устувори маҳсулот, зиёд кардани бозорҳои фурӯш. Ҳамаи ҳадафҳо ва вазифаҳои дар боло тавсифшуда аз ҷониби ширкат аллакай амалӣ карда мешаванд. Дар ин роҳ қадамҳои аввалин гузошта шудаанд.

Маҳсулот

Оби ширин

Оби газнок

Чойи ширин

Суроға

Фармоиши маҳсулот